Адаптол®
(500 мг №20)

Адаптол®
(500 мг №20)

Моддаи фаъол: мебикар (mebicarum)

Миқдор: 500 мг ҳаб № 20

Шакл: ҳаб

Рамзи АТХ: N06BX21

АДАПТОЛ®  изтироб, тарс, стрессҳои эмотсионалии дохилӣ ва асабониятро бартараф ё кам мекунад. Таъсири оромкунандаи дору бо миорелаксатсия ва вайроншавии координатсияи харакат ҳамроҳӣ намекунад. Маводи дору фаъолияти рӯҳӣ ва моториро паст намекунад, бинобар ин Aдаптол -ро дар давоми рӯзи корӣ ё таҳсил истифода бурдан мумкин аст. Маводи дорувори эҳсоси рӯҳияи баланд ва эйфорияро ба вуҷуд намеорад. Таъсири гипнозӣ надорад, аммо таъсири доруи хобро афзоиш медиҳад ва дар вақти истифода бурдани он хобро беҳтар мекунад. АДАПТОЛ®  нишонаҳои никотин ва абстиненсияи никотиниро сабук ва ё бартараф мекунад

Нишондод

Барои калонсолон:

  • Неврозҳо ва аломатхои монанд ба невроз, ки бо зуҳуроти асабоният, ноустувории эмотсионалӣ, изтироб ва тарс ба амал меоянд.
  • Кардиалгия бо сабабхои гуногун (бо бемории ишемияи дил алоқаманд нест).
  • Беҳтар кардани таҳаммулпазирии антипсихотикҳо ва транквилизаторҳо бо мақсади рафъи оқибатҳои бади соматовегетативӣ ва неврологӣ. Дар табобати комплексӣ, ҳамчун воситаи кам намудани майл ба тамокукашӣ.

Барои кӯдакон

  • Неврозҳо ва аломатҳои монанд ба невроз, ки бо зуҳуроти асабоният, ноустувории эмотсионалӣ, изтироб ва тарс ба амал меоянд – неврастения; зуҳуроти номусоидии мактаб; ихтилоли умумии изтироб; аломатҳои номутаносибии вегетативӣ ва астения; изтироб ва тарс.

Дастур

Пеш аз истеъмоли дору бодиққат бо дастурамал шинос шавед!

Дар бораи қабули дору бо духтур ё ин ки фармасевт маслиҳат

кунед.

Қабули беасоси дору ба саломатӣ зарар дорад.