Олатропил ®

Олатропил ®

ИНН: Пирацетам
Меъёр ва миқдор: 250 мг № 30
Шакл: Капсулаҳо
Рамзи АТХ: N06ВХ

Олатропил® як маводи омехта мебошад, ки хосияти он аз маводҳои дар таркибаш буда, муайян мешавад: кислотаи гамма-аминобутирӣ ва ҳосили пирролидон – пиратсетам.

Бо амали якҷоягии ҳар ду компонент равандҳои ноотропӣ ва антигипоксия меафзоянд, фаъолияти ҷисмонӣ зиёд мешавад ва таҳаммулпазирӣ ба таъсироти стресс, ки сабабҳои гуногун доранд, беҳтар мешавад. Синергияи кислотаи гамма-аминобутирӣ бо пирацетам меъёри табобатии доруро кам месозад, бинобар ин таъсирҳои бадро бартараф сохта бехатарии табобатро баланд мебардорад.

Нишондод

Олатропил тавсия дода мешавад:

Калонсолон:

  • Ҳангоми бемориҳои системаи асаб барои табобати энцефалопатияи рагҳо (атеросклероз, гипертония);
  • Барои норасоии музмини рагҳои хунгарди мағзи сар бо ихтилоли хотира, тамаркузи диққат, нутқ, чарх задани сар, дарди сар;
  • Барои муолиҷаи дементсияи пиронсолон (аз ҷумла бемории Алтсгеймер);
  • в терапии старческих деменций (включая болезнь Альцгеймера);
  • Барои табобати алоимҳои психо-органикӣ аз сабабҳои гуногун;

Барои кӯдакон:

  • дар муолиҷаи дислексия;
  • ақибмонӣ дар рушди рӯҳӣ

Дастур

Пеш аз истеъмоли дору бодиққат бо дастурамал шинос шавед!

Дар бораи қабули дору бо духтур ё ин ки фармасевт маслиҳат

кунед.

Қабули беасоси дору ба саломатӣ зарар дорад.