Нейромидин®
(20 мг)
- Маҳсулотҳо
- Маводҳои доруворӣ бавоситаи дорухат
- барои саломатии системаи асаб
- Нейромидин®
(20 мг)
Нейромидин®
(20 мг)
Номи байналмилалии ғайри патентӣ: Ипидакрин (Ipidacrinum)
Моддаҳои фаъол: ипидакрин гидрохлорид
Меъёр ва микдор: 20 мг № 50
Шакл: ҳаб
Рамзи АТХ: N06DA05
НЕЙРОМИДИН® ингибитори холинестераза мебошад. Дору ба воситаи баста кардани каналҳои калий бевосита ба гузарондани импулс дар синапсҳо ва системаи марказии асаб мусоидат мекунад. Нейромидин таъсирро ба мушакҳои ҳамвор на танҳо ба воситаи миёнаравии ацетилхолин, балки ба адреналин, серотонин, гистамин ва окситоцин мекунад.
НЕЙРОМИДИН® дорои чунин таъсироти фармакологӣ мебошад:
- интиқоли асабҳоро беҳтар мекунад ва таҳрик медиҳад;
- барқарорсозии импулсҳоро дар системаи периферии асаб, ки бо омилҳои гуногун вайрон шудаанд (осеби равон, илтиҳоб, анестетикҳои маҳаллӣ, баъзе антибиотикҳо, хлориди калий ва ғайра);
- кашиши узвҳои мушакҳои ҳамворро дар зери таъсири ҳама агонистҳо зиёд мекунад, ба гайр аз хлориди калий;
- дар якҷоягӣ бо доруворихои таъсироти седативи ба таври мӯътадил системаи асабро таҳрик медиҳад;
- хотираро беҳтар мекунад.
Дору таъсири тератогенӣ, эмбриотоксикӣ, мутагенӣ ва кансерогенӣ, инчунин аллергия ва иммунотоксигенӣ надорад, ба системаи ғадудҳои дохила таъсири манфӣ намерасонад.
Нишондод
Бемориҳои системаи асаби канорӣ (неврит, полиневрит ва полиневропатия, полирадикулоневропатия, миастенияи гравис ва синдроми миастении бо сабабҳои гуногун); фалаҷ ва нимфалаҷи булбарӣ; давраи барқароршавӣ бо осеби органикии системаи марказии асаб, ки бо вайроншавии ҳаракат ҳамроҳӣ мекунанд; табобати комплексии бемориҳои демиелинатсионӣ; ихтилоли хотира бо сабабҳои гуногун (бемории Альцгеймер ва дигар шаклҳои дементсияи пиронсолон); атонияи рӯда.