Мемодекс ®
Мемодекс ®
Номи ғайридавлатии байналмилалӣ : Мемантин.
Меъёр ва миқдор: 10 мг №30
Шакл: ҳабҳо бо лифофа пӯшидашуда
Рамзи АТХ: N06DX01
Ҳосилаи адамантан. Антагонисти рақобатпазири N-метил-D-аспартат (NMDA) буда, вай ба системаи глутаматергикӣ таъсири тағъирпазир дорад. Интиқоли ионҳоро ба танзим медарорад, каналҳои калсийро маҳкам мекунад, потенсиали мембранаро ба эътидол меорад, интиқоли импульсҳои асабро беҳтар мекунад, равандҳои дарккунӣ, тамаркузи диққат, хотира ва қобилияти омӯзиширо такмил медиҳад, фаъолнокии ҳаррӯзаро афзоиш медиҳад, хастагӣ ва нишонаҳои депрессияро кам мекунад. То андозаи бисёр ба маҳдудияти ҳаракат (ригидность ва брадикинезия) таъсир мерасонад.
Нишондод
Дементисияи дараҷаи миёна ва шадид дар бемории Алтсгеймер.