Когнифен Cogniphen ®
- Маҳсулотҳо
- Маводҳои доруворӣ бавоситаи дорухат
- барои саломатии системаи асаб
- Когнифен Cogniphen ®
Когнифен Cogniphen ®
Таркиб: фенибут, ипидакрин
Номи ғайридавлатии байналмилалӣ : Фенибут ( НҒБ надорад), Ипидакрин (Ipidacrinum)
Меъёр ва миқдор : Ҳар капсула 300 мг фенибут ва 5 мг ипидакрин гидрохлорид дорад.
Шакл : капсула
Рамзи АТХ: N06BX
Когнифен® – маводи доруворие мебошад, ки дар таркибаш Фенибут ва ипидакрин дорад ва барои хамин хосиятҳои ноотропӣ ва инчунин аналгетикӣ ва антихолинестеразӣ дорад. Маводи дорувори равандҳои таълимро беҳтар мекунад, ба мустаҳкамкунии хотира мусоидат мекунад, функсияҳои интегративии осебёфтаи майнаро эҳё ва барқарор менамояд.Когнифен дорои таъсири антиамнестикӣ буда, механизмҳои фаъолкунанда ва маҳрумкунандаи кори майнаро мувозинат мекунад. Он равандҳои энергетикиро зиёд мекунад, ки ба зиёд шудани муқовимати системаи марказии асаб ба гипоксия ва омилҳои заҳролуд мусоидат мекунад. Барои навсозӣ ва ҳавасмандкунии интиқоли асаб мусоидат мекунад.
Нишондод
Бемориҳои системаи асаб бо суст шудани вазифаҳои зеҳнӣ-мнестикӣ ва вайроншавии интиқоли асаб – мушак: пас аз осебҳо ва дигар генезис, равандҳои таҳриккунанда дар майна дар беморони калонсол, атеросклероз, равандҳои патологӣ бо аломатҳои норасоии музмини мағзи сар ва вайроншавии хотира, диққат, сухан, бо апраксия. Ихтилоли хотира бо сабабхои гуногун (бемории Алтсгеймер, дигар шаклҳои дементсияи пиронсолон). Паст шудани фаъолияти зеҳнӣ ва эҳсосӣ, кам шудани тамаркузи диққат. Давраи барқароршавӣ пас аз сактаи мағзи сар.