Адаптол®
(300 мг)

Адаптол®
(300 мг)

Моддаи фаъол: мебикар 300 мг

Меъёр ва миқдор: 300 мг капсулы № 20, № 30, № 40

Шакл: капсула

Рамзи АТХ: N06BХ21

Мебикар хусусиятҳои анксиолитикӣ ва ноотропӣ дорад; аксуламалҳои иловагии номатлубро, ки аз таъсири нейролептикхо ва транквилизаторҳои гурӯҳи бензодиазепин ба вуҷуд меоранд, кам мекунад (депрессия эҳсосӣ, таъсири оромии зиёдатӣ, заифии мушакҳо),инчунин таъсири зидди машруботи спиртӣ дорад.

Мебикар фаъолияти мӯътадили анксиолитикӣ дорад, изтироб, тарс, стрессҳои эмотсионалии дохилӣ ва асабониро бартараф ё кам мекунад. Таъсири оромкунандаи дору бо миорелаксатсия ва вайроншавии координатсияи харакат ҳамроҳӣ намекунад.

Нишондод

Барои калонсолон

  • Неврозҳо ва ҳолатҳои монанд ба невроз, ки бо зуҳуроти асабоният, ноустувории эмотсионалӣ, изтироб ва тарс ба амал меоянд.
  • Кардиалгияе, ки сабабҳои пайдоиши гуногун дорад (бо бемории ишемияи дил алоқаманд нест).
  • Беҳтар намудани таҳаммулпазирии нейролептикхо ва транквилизаторҳо бо мақсади рафъи оқибатҳои бади соматовегетативӣ ва неврологӣ.
  • Дар табобати комплексӣ ҳамчун воситаи кам намудани майл ба тамокукашӣ.

Барои кӯдакон

  • Неврозҳо ва ҳолатхои ба монанди невроз, ки бо зуҳуроти асабоният, ноустувории эмотсионалӣ, изтироб ва тарс ба амал меоянд – неврастения; зуҳуроти номусоидии мактаб; ихтилоли умумии изтироб; синдроми номутаносибии вегетативӣ ва астения; изтироб – тарс.

Дастур

Пеш аз истеъмоли дору бодиққат бо дастурамал шинос шавед!

Дар бораи қабули дору бо духтур ё ин ки фармасевт маслиҳат

кунед.

Қабули беасоси дору ба саломатӣ зарар дорад.