Этацизин ®

Этацизин ®

Моддаи фаъол: etacycin
Меъёр ва микдор: 50 мг №50
Форма: ҳабҳои бо парда рӯйпӯшшуда
Рамзи ATX: C01BC09

ЭТАЦИЗИН® – маводи антиаритмикии дараҷаи 1C мебошад. Таъсири шадиди бардавоми антиаритмикӣ дорад. Ӯ асосан канали тез воридшавандаи натрийро баста мекунад, дар каналҳои натрий ҳам дар сатҳи берунӣ ва дарунии мембранаи ҳуҷайра амал мекунад. То андозае кам канали суст воридшавандаи калтсийро баста мекунад, ки таъсири манфии инотропӣ аз рӯи он вобастагӣ дорад.

ЭТАЦИЗИН® суръати афзоиши потенсиали таъсирро (Vmax) пешгирӣ мекунад, потенсиали оромиро тағир намедиҳад. Ҷараёни ангезишро дар системаи гузарониши ҷараёни дил суст мекунад. Дар ЭКГ таҳти таъсири этатсизин васеъшавии мавҷи P ва маҷмӯи QRS, инчунин дарозшавии фосилаи P – Q ва P-R ба мушоҳида мерасад.

ЭТАЦИЗИН® суръати дилро тағир намедиҳад ва ба фишори хун таъсир намерасонад. Таъсири аритмогеникӣ бо истифодаи меъёри терапевтӣ кам ба назар мерасад.

ЭТАЦИЗИН® ҳадди фибриллятсияи миокардро баланд мекунад ва инчунин халалдор шудани ритми дилро бартараф менамояд, ки дар ҳолати ишемияи шадиди миокард ба фибриллятсия мегузарад.

ЭТАЦИЗИН®  имеет холинолитическое и умеренное антиишемическое действие.

Нишондод

  • Экстрасистолия (суправентрикулярӣ ва вентрикулярӣ),
  • пароксизмҳои фибриллятсияи даҳлезчавӣ ва ларзиш,
  • тахикардияи пароксизмалии суправентрикулярӣ, аз ҷумла бо синдроми Вольф-Паркинсон-Уайт (WPW),
  • тахикардияи пароксизмалии меъдачавӣ (дар ҳолати мавҷуд набудани осеби органикии дил).

Дастур

Пеш аз истеъмоли дору бодиққат бо дастурамал шинос шавед!

Дар бораи қабули дору бо духтур ё ин ки фармасевт маслиҳат

кунед.

Қабули беасоси дору ба саломатӣ зарар дорад.